Бемасъулиятии волидайн ва бетарафии ҷомеа дар пешгирии роҳи ифротишавии ҷавонон

Вақте кудакамонро ба даст мегирему барои хурсандиямон болои сарамон мебардорем ва гоҳо ҳаво медиҳему боз ба даст мегирем, ҳамоно фарзандамон механдад. Аслан мебоист метарсид, аммо ӯ механдад ва хурсандӣ мекунад. Ҳатто хоҳиш мекунад, ки боз ҳамон болои сарамон бардошта ӯро ҳаво диҳем. Медонед барои чӣ? Ӯ медонад, ки мо ҳеҷ гоҳ ӯро ба замин афтодан намегузорем. Аз ин хотир у ба мо бовар мекунад. Аммо мо дар ҳаёти минбаъдаи фарзандонамон ин бовариро худамон сабаб шуда аз даст медиҳем. Дар як марҳилаи зиндагӣ бо як сабабе, ё баҳонае бехабар мемонем, ки фарзандонамон ба роҳи бад рафтааст. Вақте кор аз кор мегузарад, ҳарду ҷониб изҳори пушаймонӣ мекунанд. Бинобар ин давлат қонунеро таҳия ва амалӣ намуд, ки волидонро дар таълиму тарбияи фарзанд масъул мекунад.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий