Бастани қулф ва партофтани калиди он ба дарё муҳабатти ҷавононро пойдор месозад?

Чанд рӯз қабл дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук расми бастани қулф назди соҳили Сир ба намоиш гузошта шуд. Масъалагузории ин расм истифодабарандагони ин шабакаи иҷтимоиро ба ҷунбиш оварда боиси шарҳҳои зиёде шуд. Вақтҳои охир ҷавонон ба давлатҳои хориҷа таасуб карда қулфро харида онро дар панҷараҳои назди соҳили дарёи Сир баста калидашро ба об мепартояд. Ин амал гӯё содиқ будан ба ҳамдигар ва пойдории ишқу муҳабаташонро нишон медиҳад. Дилдодагон ва оилаҳои ҷавон бо бастани қулф исбот кардан мехоҳанд, ки муҳаббаташон самимӣ ва човидон аст. Оё содиқ будану ишқи ҳақиқи дар бастани қулф назди соҳил аст ?

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий