Барои гӯронидани партовгоҳи Деҳмой 2 млн зарур аст

Барои гӯронидани партовгоҳи радиоактивии Деҳмой мақомоти Суғд 2 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ кардааст. Дар соли гузаштаи 2017 ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ 3,5 гектар майдони партовгоҳ рӯйпӯш карда шуд. Равшан Ӯрунов, муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд зимни нишасти хабарияш ба телевизиони СМ-1 гуфт, соли 2018 боз барои рӯйпуш намудани 10 гектар майдони партовгоҳ 600 ҳазор сомонӣ маблағ равона мешавад. «Доир ба гӯронидани партовгоҳи радиофаъол мо корбарӣ мекунем. Ба намояндагони ташкилотҳо борҳо муроҷиат кардем, аммо ин корҳо бисёр маблағи зиёдро талаб мекунад».

Партовгоҳи радиатсионии Деҳмой дар масоҳати 90 гектар замин ҷойгир аст. Экологҳо мегӯянд, қисме аз майдони партовгоҳро то баландии 50-60 сантиметр бо хок рӯйпуш кардаанд ва дар сурати анҷоми кор ба фазои атмосферӣ безарар мегардад.  Равшан Ӯрунов мегӯяд, дар сурати маблағгузорӣ соли ҷорӣ бояд атрофи партовгоҳи радиатсионӣ бо девор иҳота карда шавад

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий