Барномаи мустақими «Мусоҳиба» 14.02.2017. Мавзуъи сухбат «Номгузори» буд.

Ба унвонии барномаи мустақими «Мусоҳиба», ки шоми 14-уми феврал бо иштироки Муқаддам Ҳошимзода — сардори Раёсати шӯъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд бобати номгузорӣ бахшида шуда буд, саволҳои зиёде боқӣ монда буд, ки мо натавонистем дар фосилаи 45 дақиқа посух гуем. Аз ин хотир мо тасмим гирифтем, ки ба суолҳое, ки тариқи паёмак ба унвонии барнома ирсол шуданд, посухи хаттӣ диҳем. Ду рақами охирини телефон соҳиби савол аст ва посух ба он саволҳо аз ҷониби Валиҷонзода Илҳом — сармутахассиси РАҲШ вилояти Суғд баён шудааст. Саволҳо аз ҷониби Чинигул Олимова — коромӯзи телевизиони СМ-1, донишҷӯи бахши журналистикаи ДДХ ҷамъоварӣ ва таҳия шудааст.

Мо ба ҳар як занг ва муроҷиати хаттии Шумо эҳтиром дорем ва онро беҷавоб намегузорем. Бо эҳтиром, Илҳомҷон Ҳошимов- муаллифи барномаи «Мусоҳиба»

  1. 4564

       Савол: Салом, ман соли оянда шиноснома гирифтанӣ ҳастам. Агар ман ин ҳуҷҷатро гирам, ном ва насаби ман нав мешавад, ё не?

Ҷавоб:  Шаҳрвандоне, ки шиноснома гирифтанӣ ҳастанд, дар ин ҳолат танҳо бо вуҷуди аслии шаҳодатномаашон метавонанд шиноснома гиранд ва ному насабашон қайд гардад. Боз шаҳрвандоне, ки ному насаб ва номи падар (Ф.И.О) надоранд метавонанд ном ва насабашонро нав кунад дар ҳолате, ки дар  мақомоти дахлдор тасдиқ шудааст, ки ному насаб надоранд ному насабашон аз нав ба қайд гирифта мешавад.

  1. 1268

Савол: Ассалому алейкум, агар кӯдак дар давлати хориҷа таваллуд шавад, мо метавонем, ки барояш зодномаи тоҷикӣ гирем?

Ҷавоб:  Аслан қайди кӯдак дар як давлат бояд сурат гирад. Агар кӯдак ба шаҳрвандии давлати хориҷа ба қайд гирифта бошад мо наметавонем ӯро ба қайд гирем. Мисол, кӯдак дар Федератсияи Руссия қайд шуда бошад, ҳамзамон дар Тоҷикистон ба қайд гирифта намешавад. Танҳо дар ҳолате, ки кӯдак ба  бешаҳрвандӣ қайд шудааст, метавонанд бо нусхаи аслии маълумотномаи ҷои таваллудро, ки дар ҳақиқатан то ҳол ба қайд гирифта нашудааст, бояд пешниҳод кунанд. Он бо тартиботи муқаррарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба қайд гирифта мешавад.

  1. 0222

Савол: Салом, оё шаҳрванд метавонад шаҳодатномаи фарзандро бо ном, насаб, номи падар (Ф.И.О) иваз кунад?

Ҷавоб:  Тибқи боби 8 уми моддаи 62 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон шахсе, ки  ба синни 16 расидааст,  ҳуқуқи иваз намудани номашро дорад. Иваз намудани ном тибқи феҳрасти номгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мегардад.

  1. 2201

Савол: Мақсади иваз шудани ному насаб дар чист?

Ҷавоб:   Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи феҳрасти номгузории тоҷикӣ ба амал баромадааст. Феҳрасти миллии номгузории тоҷикӣ аз ду қисмат иборат аст. Мураттибони феҳрасти номгузирии милли тоҷикӣ дар пояи суннати номгузорӣ ба меъёрҳои номсозии тоҷикӣ  бо дар назардошти фарҳанги пурғанивати миллӣ беҳтарин номҳоро ба феҳраст ворид намудаанд. Баъзе падару модарон номҳои ба пояи суннатии тоҷикӣ дахл надошта ва мураккаби душворталаффузро интихоб мекунанд, ки оқибат ба ихтисоршавии ном оварда мерасонад. Дар феҳраст зиёда аз 3000 ном ҷой дода шудааст ва ҳар сол аз тарафи ҳайати комиссия номҳои наву тозаэҷод илова шуда, ба табъ мерасанд.

  1. 0017

Савол: Салом, ман номи фарзандамро Ясмина монданӣ ҳастам, вале ин номро не гуфта, Яшминаро пешниҳод  карданд. Яшмина гуфтани ном дар китоб нест ва Ясмина бошад ҳаст. Ман чӣ кор карданамро намедонам…

Ҷавоб:  Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз феҳрасти номгузории миллии тоҷикӣ метавонед номҳоро интихоб кунед. Дар феҳрасти номгузории миллии тоҷикӣ зиёда аз 3000 ном ворид шудаанд. Номҳое, ки аз пасвандҳо калимасозии арабӣ туркӣ иборатанд, ба фарҳанги мо бегона мебошанд ва бисёри номҳо ихтисор шудаанд ва аз сабаби ҳамин Ясмина ба фарҳанги мо бегона мебошад. Меъёри номгузории тоҷикиро ҳайати комиссия омӯхта баромадаанд. Дар он феҳраст номҳо бо се забон навишта шудаанд, аз сабаби он ки бо дигар ҳуҷҷатҳои шахс мухолифат накунанд. Мо бояд номгузории милли худамонро пеш гирем.

  1. 0410

Савол: Салом, мо метавонем ному насабро бе  пасвандакҳо, яъне Раҳматова ё Манонова шиноснома ё шаҳодатнома гирем?

Ҷавоб:  Тибқи талаботи 20 банди 4, 2, 8 насаби шахс тибқи феҳрасти номгузории миллии тоҷикӣ аз номи падар ё решаи номи падар бо иловаи пасвандакҳои насабсозии «ӣ, зод, зода, он, ён, иён, ёр» ташаккул меёбад.

 8917

Савол: Оё бе ақди никоҳ шаҳодатномаи таваллуд  дода мешавад?

Ҷавоб:  Албатта мешавад. Муаммоҳое ҳаст, ки агар модар танҳо бошад, ё ин ки падару модар никоҳи мусалмонӣ кардаанду ба расмият надаровардаанд,  дар ин ҳолат шаҳодатномаи таваллуд дода мешавад.

  1. 9998

    Савол: Салом, мо ба наздикӣ соҳиби фарзанд шудем. Шаҳодатномаро бо номи Ҷӯразода Муҳаммад  Давронҷон гирифтем. Оё байни ном ё номи падар ягон пайвандак гузоштан мумкин буд, ё  не?

Ҷавоб:  Ин ба хоҳиши худи шаҳрванд вобаста мебошад. Ҳар як  шаҳрванд бе илова намудани пайвандаку пасвандҳо ному насабашро иваз карда метавонад. Тибқи талаботи моддаи 20 бандҳо 4, 7 ва 8. насаби шахс тибқи анъанаҳои тоҷикӣ метавонад аз номи падар ё решаи насаби ӯ бо иловаи пасвандҳои насабсозии  «ӣ, зод, зода, он, ён, иён, ё, ниё» ташаккул ёбад. Насаби шахс ҳамчунин метавонад аз номи падар, ё решаи насаби падар, ё модар бе илова намудани пасвандҳои насабсоз ташаккул ёбад.

  1. 8917

Савол:  Бе ақди никоҳ шаҳодатномаи таваллуд дода мешавад?

Ҷавоб:  Албатта мешавад. Муаммоҳое ҳаст, ки модар танҳо мебошад, ё ин ки падару модар никоҳи мусалмонӣ кардаанду ба расмият надаровардаанд,  дар ин ҳолат шаҳодатномаи таваллуд дода мешавад.

  1. 6129

Савол: Номҳое, ки дар феҳрасти номгузорӣ мавҷуд нестанд, гузоштан мум кин аст, ё не? Лекин номҳои миллӣ ва мусулмонӣ……..

Ҷавоб:  Агар номҳое, ки дар феҳрасти номгузории милии тоҷикӣ  вуҷуд  надоранд, гузоштан мумкин нест. Номҳое, ки ба феҳрасти номгузории миллии тоҷикӣ ворид мешаванд, аз назари мутахассисон гузаштааст. Тибқи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба феҳраст номҳои нав ворид карда мешавад. Ба наздикӣ боз номҳои нав пешниҳод мешаванд. Онҳо то чӣ андоза мувофиқ будани ҳамаи номҳоро дида мебароянд.

  1. 0108

Савол: Барои гирифтани шаҳодатномаи кӯдак 100 сомонӣ барои чӣ гирифта мешавад?

Ҷавоб:  Гирифтани маблағ чун боҷи давлатӣ дар ҳамаи нархномаҳо муайян карда шудааст. Амалиёти супоридани маблағҳо тариқи «Амонатбонк» гузаронида мешавад. Баробари супоридани ариза, бояд  расид(квитансия)-ро низ супорид. Дигар ягон хел маблағ аз тарафи шӯъба муайян карда нашудааст. Дар сурати ҷой доштани шубҳа ба телефони (3422) 4-49-00 занг зада посух гиред.

  1. 2002

Савол: Ассалому алейкум, раҳмат барои ташкили ин барнома, як савол дорам. Мо оилаи Мирзоҳо (Мирзоумар, Мирзобеҳрӯз). Дар оянда мегӯянд, ки Мирзобеҳрӯз неву худи Беҳрӯз гузошта мешавад. Чун пештара мо метавонем ба аввали ном Мирзо гузорем?

Ҷавоб:  Аслан дар феҳрасти номгузории милии тоҷикӣ номи Мирзо ҳаст. Номҳое, ки дар феҳраст ҷой дода шудаанд, метавонанд номгузорӣ кунанд. Агар аз тарафи мақомоти бақайдгиранда  қабул шавад, мо монеа  ҷудо намекунем.

  1. 5758

Савол: Додари ман шаҳрванди  Россия мебошад ва мо ҳоло ба у келин накардаем. Шиносномаи тоҷикӣ низ дорад. Дар ин ҳолат чӣ тавр ЗАГС карда мешавад?

Ҷавоб:  Дар ин ҳолат он кас метавонад дар Федератсияи Россия сабти никоҳашро  барпо кунад. Агар он шахс душаҳрвандӣ бошад бо шаҳрвандии тоҷикиаш метавонад ақди никоҳашро дар Тоҷикистон ба қайд гирад.

  1. 9918

Савол:  Салом. Оё фарзандамонро Абӯбакр номгузорӣ кунем мешавад?

Ҷавоб:  Дар феҳрасти номгузории милии тоҷикӣ номи Абубакр омадааст. Метавонед фарзандатонро Абубакр номгузорӣ кунед.

  1. 0131

Савол: Ҳуҷҷатҳои фавти модарамро аз куҷо гирифтан мумкин аст? Ҳоло ман дар шаҳр мебошам.

Ҷавоб:  Вақте  ҳар як шаҳрванд фавт мешавад ба ӯ санади тиббии фавт дода мешавад. Бояд дар муддати 3 моҳ фарзандон муроҷиат кунанд, ки  модари фавтидаро ба қайд гаранд. Вақте аризаи фавтро аз ҷои истиқоматӣ қабул мекунанд, он ба расмият дароварда мешавад.

  1. 5088

Савол: Кӯдаке, ки дар Россия таваллуд  шудааст ва шаҳодатномаи он давлатро дорад, метавонад, ки аз Тоҷикистон шаҳодатнома гирад?

Ҷавоб:  Не. Дар тамоми дунё ба қайд гирифтани давлатӣ дар як ҷо ба қайд гирифта мешавад. Агар фарзанд дар Тоҷикистон ё дигар давлати хориҷа таваллуд шуда бошаду маълумотномаи аслӣ дошта бошад, ки дар ҳақиқатан дар ҳамон ҷо таваллуд шудааст ва  ба қайд гирифта нашудааст метавонад шаҳодатномаи  тоҷикӣ гирад.

  1. 1331

Савол: Салом. Номи худро иваз кардан мумкин аст ё не?

Ҷавоб:  Албатта мумкин аст. Номи худро барои он иваз мекунанд, ки дар баъзе ҳолатҳо вақте, ки  ӯ худро дар ҷамъият  нороҳат ҳис мекунад ва дигар ҳолатҳо метавонад номи худро иваз кунад. Баъзе номҳо ба психологияи шахс таъсир мекунад. Ҳамаи номҳое, ки ифодакунандаи  ранг, паррандагон, меваҷот, сабзавот ва дигар ашёи рӯзгор, ҳайвонот ба ғайр аз истиснои шер (шер дар рамзи давлатӣ ҷой дода шудааст) мебошанд, аз феҳрасти номгузории тоҷикӣ ихтисор карда шудаанд ва номгузорияшон мумкин нест.

  1. 0808

Савол: Насаби ман Негматов мебошад ва фарзандам низ насабаш Негматӣ шуд на Неъматӣ. Барои чӣ насаби фарзандам русӣ боқӣ монд, зеро мо ба насаби тоҷикӣ гузаштем?

Ҷавоб:  Бо розигии падару модар насаб иваз карда мешавад. Дар ҳолати муайян намудани суд, ки падару модар розӣ ҳастанд, ки насаб иваз карда шавад, онро метавонед иваз кунед.

  1. 0015

Савол:  Мо наберадор шудем. Номи Ясмина ба мо писанд аст, аммо не мегуянд. Чӣ кор кунем?

  1. 8003

Савол: Ассалом, ба мо номи Мунзифахонро рад карданд. Ин фарзанд ҳоло дусола мебошад, чӣ бояд кард?

Ҷавоб:  Ҳангоми муроҷиат ба кумитаи забон ва ислоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷой додани номи интихобкардаатон ин ном низ ворид карда мешавад. Ҳар як шаҳрванд бояд аз рӯи феҳрасти номгузории миллии тоҷикӣ бояд ба қайд гирифта шавад. Шумо метавонед аз рӯи феҳрасти номгузории тоҷикӣ номро интихоб кунед.

  1. 2532

Савол:   Салом, ман Абдулазиз. Мехостам бигӯед, ки барои ивази ном ба шакли тоҷикиаш чӣ гуна ҳуҷҷатҳо лозим аст?

Ҷавоб:  Барои иваз намудани ном чунин ҳуҷҷатҳо заруранд:

  1. Ариза ба шӯъба, ё бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷои истиқомат (намунаи ариза тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010, таҳти №77 муқаррар шудааст)
  2. Тарҷумаи ҳол
  3. Нусхаи шиноснома
  4. Нусхаи шаҳодатномаи таваллуд
  5. Шаҳодатномаи аслии таваллуд
  6. Нусхаи шаҳодатномаи никоҳ
  7. Шаҳодатномаи аслии никоҳ
  8. Нусхаи шаҳодатномаи таваллуди фарзандони ноболиғи то синни 16 сола
  9. Шаҳодатномаи таваллуди аслии фарзандони ноболиғи то синни 16сола
  10. Маълумотнома аз ҷои истиқомат
  11. Сурат 2 дона
  12. Боҷи давлатӣ ба андозаи 100 сомонӣ ба буҷаи маҳаллӣ (пешниҳоди расид)

Баъди ин ҳуҷҷатҳоро аз қайд гузаронидан

  1. Маблағи шаҳодатномаи арзишнок (таваллуд, иваз ва агар дар ақди никоҳ ва фарзанди ноболиғи то 16 сола дошта бошад шаҳодатномаи никоҳ ва шаҳодатномаи таваллуди фарзандони ноболиғ) ҳар яке 10 сомонӣ ба суратҳисоби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо пешниҳоди расид)
  2. Маблағи хизматрасонӣ дар асоси нархномаи амалкунанда вобаста ба ҳаҷми кор (пешниҳоди расид)
  1. 7233

Савол:  Барои иваз намудани ном аз ҷиҳати динӣ мегӯянд, ки (гӯсфанд) қурбонӣ кардан лозим. Оё ҳамин ақида дуруст аст?

Ҷавоб:  Ба ин суол мо посух намедиҳем.  Аз ҷиҳати қонунӣ шаҳрванд метавонад баъди синни 16 солагӣ  номашро иваз кунад.  То синни 16 солагӣ бо розигии тарафайни волидон иваз кардани ном мумкин мебошад.

  1. 0322

Савол: Шоматон бахайр бошад. Мехостам як савол диҳам. Ҳамсари ман душаҳрвандӣ дорад ва фарзандам бошад шаҳрванди Федератсияи Россия мебошад. Мумкин аст, ки барои фарзанд шаҳодатномаи таваллуди тоҷикӣ гирем?

Ҷавоб:  Дар тамоми дунё ба қайд гирифтани давлатӣ дар як ҷо ба қайд гирифта мешавад. Агар фарзанд дар Тоҷикистон ё дигар давлати хориҷа таваллуд шуда бошаду маълумотномаи аслӣ дошта бошад, ки дар ҳақиқатан дар ҳамон ҷо таваллуд шудааст ва  ба қайд гирифта нашудааст, метавонад шаҳодатномаи  тоҷикӣ гирад.

  1. 5444

Савол: Савол ба муаллима: Оё дар қонун омадааст, ки мансаби (насаби) худро маҷбуран ба фарзандамон  нагузорем?  Масалан насаби ман Хоҷаев.

Ҷавоб:   Мутобиқи моддаи 20 дар бораи  бақайдгирии ҳолати шаҳрвандӣ ҳар шахс дар мавриди ба қайдгирии давлатӣ ба насаб ном инчунин ба номи падари ба арзишҳои таърихӣ фарҳангӣ ҳуқуқ дорад. Номгузорӣ ва шакли дурусти он тибқи фарҳанг анъанаҳои миллӣ ва феҳрасти номгузузории тоҷикӣ аз тарафи ҶТ тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад. Насаби кӯдак дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд бо насаби падар ё модар ва ё насаби аз номи падар ташаккулёфта сабт карда мешавад. Дар сурати гуногун будани насаби падару модар насаби кӯдак бо мувофиқи падару модар бо насаби падар ё модар ё ин ки тибқи талаботи моддаи 20 бандҳо 4, 7 ва 8. Насаби шахс тибқи анъанаҳои тоҷикӣ метавонад аз номи падар ё решаи насаби ӯ бо иловаи пасвандҳои насабсозӣ  ӣ, зод, зода, он , ён, иён, ё, ниё, фа ташаккул ёбад. Насаби шахс ҳамчунин метавонад аз номи падар ё решаи насаби падар ё модар бе илова намудани пасвандҳои насабсоз ташаккул ёбад.

  1. 0007

Савол: Зану шавҳаре, ки фарзандашон ба балоғат расидааст, оё метавонанд  бо розигии тарафайн ақди никоҳро бе дахолати суд бекор кунанд?

Ҷавоб:  Метавонад. Бо розигии тарафайн зану шавҳар ҳангоми набудани баҳси молу мулкӣ дар муддати 1 моҳ метавонанд, ки онро бекор кунанд.

  1. 1013

Савол:  Насаби падар ва ду фарзандам Раҳматов мебошад. Ман метавонам, ки фарзанди сеюмам бо номи бобояш шавад?

Ҷавоб:   Мутобиқи моддаи 20 дар бораи  бақайдгирии ҳолати шаҳрвандӣ ҳар шахс дар мавриди ба қайдгирии давлатӣ ба насаб ном инчунин ба номи падари ба арзишҳои таърихӣ фарҳангӣ ҳуқуқ дорад. Номгузорӣ ва шакли дурусти он тибқи фарҳанг анъанаҳои миллӣ ва феҳрасти номгузузории тоҷикӣ аз тарафи ҶТ тасдиқ карда мешавад амалӣ мегардад. Насаби кӯдак дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд бо насаби падар ё модар ва ё насаби аз номи падар ташаккулёфта сабт карда мешавад. Дар сурати гуногун будани насаби падару модар насаби кӯдак бо мувофиқи падару модар бо насаби падар ё модар ё ин ки тибқи талаботи моддаи 20 бандҳо 4, 7 ва 8. Насаби шахс тибқи анъанаҳои тоҷикӣ метавонад аз номи падар ё решаи насаби ӯ бо иловаи пасвандҳои насабсозӣ  ӣ, зод, зода, он , ён, иён, ё, ниё, фа ташаккул ёбад. Насаби шахс ҳамчунин метавонад аз номи падар ё решаи насаби падар ё модар бе илова намудани пасвандҳои насабсоз ташаккул ёбад.

  1. 1217

Савол: Оё гузоштани насаби пештара мумкин нест?

Ҷавоб:   Агар ба талаботи феҳрасти номгузории нави миллии тоҷикӣ мутобиқат кунад, метавонед иваз накунед. Он номҳое, ки дар феҳрасти номгузории миллии тоҷикӣ ҷой дода шудааст, мумкин мебошад.

  1. 2603

Савол: Ассалом, соли 2012 насаби худро иваз карда будам. Оё ба насаби пештара боз гузашта метавонам?

Ҷавоб:  Агар ба талаботи феҳрасти номгузории нави миллии тоҷикӣ мутобиқат кунад, метавонед онро иваз кунед. Он номҳое, ки дар феҳрасти номгузории миллии тоҷикӣ ҷой дода шудааст, мумкин мебошад.

  1. 3066

Савол: Фарзанди ман дусола мебошад ва то ҳоло шаҳодатнома нагирифтаем. Оё ҷарима дорад, чанд пул мешавад?

Ҷавоб:  Тибқи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қонун  дар бораи  масъулияти падару модар бояд ҳар як волидон дар мӯҳлати 3 моҳи аввал ба фарзандашон дар мӯҳлати муқарруршуда ном гузоранд. Ҳангоми роия накардан онҳо ҷаримабандии маъмурӣ карда мешавад.

  1. 7777

Савол: Фарзандонамон насабашонро бо номи падарашон гирифтаанд (Фирӯза Назирӣ). Оё ин дар оянда мушкилӣ надорад?

Ҷавоб:  Аслан аз рӯи ҳуҷҷатгузорӣ бояд ному насаби фарзанд ё ин ки шаҳрванд Назирӣ Фирӯза бошад. Аввал насаб баъд номи шахс.

  1. 9390

Савол: Шаҳодатномаи ақди никоҳ бо хатогии шӯъбаи сабти никоҳ қайд гардидааст. Барои ислоҳ намудан чӣ бояд кард?

Ҷавоб:  Ҳангоми гирифтани ҳуҷҷат ҳар як шаҳрванд, шахсон пеш аз гирифтани ҳуҷҷатҳояшон бояд дурустии ҳуҷҷатҳоро аввал бо имзои худ тасдиқ кунанд, ки ҳуҷҷат дар ҳақиқатан дуруст қайд карда шудааст ва дар ҳамон ҳолат хатогӣ ислоҳ карда мешавад. Дар муддати чанд вақт гузаштан аллакай ба ислоҳот дода мешавад. Аз ҷониби худи шаҳрванд ҳангоми гузаштани мӯҳлат бояд ислоҳ карда мешавад.

  1. 7370

Савол: Барои чӣ дар китоб номи Мирзоамир нест. Гарчанде ки дигар Мирзоҳо ҳастанд?

Ҷавоб:  Аслан дар феҳрасти номгузории милии тоҷикӣ номи Мирзо ҳаст. Дигар номҳо агар ба талаботи феҳрасти номгузории нави миллии тоҷикӣ мутобиқат кунад, метавонед интихоб кунед . Ҳангоми пешниҳоди ном, агар аз тарафи мақомоти бақайдгиранда  қабул шавад, монеъа намекунем.

  1. 6268

Савол:  Ман бо оилаи якумам шиносномаи ақди никоҳ дорам. Аммо аз оилаи дуюмам духтарчаи ҳафтмоҳа дорам. Оё шаҳодатномаи таваллуд гирифта метавонам,  дар ҳолате,  ки  бо падари фарзанд шиносномаи ақди никоҳ надорем ва бекор карда шудааст?

Ҷавоб:   Метавонад. Бо розиги зану мард, муқаррар кардани волидон. Агар шакли ариза тасдиқ карда шуда бошад. Бо муқаррар кардани падарӣ ба кӯдак шаҳодатнома дода мешавад. Ҳангоми розӣ нашудани падар, ё модар онҳо ба суд муроҷиат карда метавонанд.

  1. 5456

Савол: Набераи ман дусола мебошад, аммо то ҳол зоднома нагирифтаем. Оё метавонем бе  ягон ҷаримасупорӣ зоднома гирем?

Ҷавоб:  Аввал аз таваллудхона маълумотнома мегиранд. Агар дар ҳақтқатан сабт нашуда бошад ва ҳангоми қарорро суд қабул намуданаш аз нав ба қайд гирифта метавонанд. Мақсади бақайдгирӣ ҳам ба манфиати давлат ва ҳам ба манфиати худи шахс мебошад.

Тибқи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қонун  дар бораи  масъулияти падару модар бояд ҳар як волидон дар мӯҳлати 3 моҳи аввал ба фарзандашон дар мӯҳлати муқарруршуда ном гузоранд ва шаҳодатнома гиранд. Ҳангоми роия накардан, онҳо ҷаримабандии маъмурӣ карда мешавад.

  1. 5227

Савол:  Ман ба духтарчаам (загран) шиносномаи хориҷа гирифтанӣ ҳастам. Дар чанд муддат тайёр мешавад?

Ҷавоб:  Ин масъала ба   Салоҳияти шӯъбаи шиносномадиҳӣ дахл дорад. Бояд ба ниҳоди шиносномадиҳӣ муроҷиат намоед.

  1. 7370

Савол: Яктоаш Ахмедов ва дигараш Ахмедӣ шавад, ҳангоми ба дигар давлат рафтан ягон муаммо (проблема) намешавад?

Ҷавоб:   Не, ҳангоми розигии падару модар номгузории  ҳуҷҷатҳоро метавонед иваз кунед.

  1. 2137

Савол: Ассалому алейкум, ман аз шаҳри Истаравшан. Саволи ман ин аст: Оё шиносномаи Россия гирифта метавонам? Ё ин ки барои ин падару модари ман низ бояд шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд?

Ҷавоб:  Ба ин масъала шӯъбаи мо дахолат надорад ва ба ин масъала равшанӣ андохта наметавонем.

  1. 8260

Савол: Номи фарзанди худро Дӯстмуҳаммад мондан мумкин аст? Мегӯянд, ки ду ном якҷоя бошад иҷозат дода намешавад.

Ҷавоб:  Ҳамаи номгузориҳо аз рӯи  феҳрасти номгузории миллии тоҷикӣ  сурат мегирад. Агар номҳое, ки шумо интихоб кардаед дар феҳрасти номгузорӣ ҷо карда шудааст, метавонед кӯдаконро бо ҳамон ном ба қайд гиред.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий