Барномаи иттилоотиву таҳлилии «Ташреҳ», 25.11.2017

Нашрияи «Сухани халқ» дар шумораи навбатии худ сафари кории Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғдро муфассал инъикос намудааст. Нашрияи «Ҳақиқати Суғд» дигар аз чорабинии муҳим – таҷлили Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар саҳифаҳои худ муфассал инъикос кардааст.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар шумораи 46-уми худ тањти сарлавҳаи «Дарвозаи бесоҳиб» нигаронӣ мекунад, ки дар баъзе мавзеъҳо шишаҳои қатораро кӯдакону наврасон сангборон мекунанд.
Нашрияи «Фараж» бошад, аз нафақа баҳс карда, такя ба гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони кишвар менависад: «Танҳо бо такя ба маблағҳои фонди нафақа баланд бардоштани нафақа имкон надорад ва масъулин бояд таҷрибаи дигар кишварҳоро омўзанд. Роҳҳояшро ҷустуҷӯ кардан зарур аст. Мо бояд коре кунем, ки ҳисоби миёнаи нафақа ақалан ба музди маоши камтарин баробар карда шавад».
Нашрияи «Азия+» таҳти унвони «Танзим ва ҳаёти воқеӣ» аз ҳаёти ҷавонзане мисол меорад, ки бинобар кам будани ҷиҳози тӯӣ пайваста мавриди таънаву хушунати хушдоман қарор гирифта, ниҳоят оилааш пош хӯрдааст.
Яке аз иловаҳо дар тағйири нави қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим арҷ гузоштан ба либоси миллӣ мебошад. Қаблан, сару садоҳо низ буд, ки пӯшидани либоси арӯсии сафед ва тӯри болои сари он – фата манъ карда мешавад. Нашрияи «СССР» дар робита ба ин мавзӯъ навиштааст: арӯсони тоҷик майлу рағбати худро нисбат ба куртаи сафеди арӯсӣ аз байн нахоҳанд бурд.
Ҳафтаномаи «Чархи гардун» хабар медиҳад, ки минбаъд мардони «сабукпо» низ ҷазо хоҳанд гирифт. Прокуратураи генералии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, барои мардоне, ки аз хидмати танфурӯшон истифода мекунанд, ҷазо таъйин шавад.
Ҳамин нашрия дар матлаби дигар аз зуҳури рақси занона миёни мардҳо нигаронӣ кардааст.
«Баҳси чандрагӣ дар мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон» ин унвони мақолаи «Озодагон» аст, ки аз баҳси марзии ин ду кишварро фаро мегирад.
«Дунё» бошад, бонги изтироб мезанад, ки террористони давлати бо ном исломӣ ба ѓайр аз ҷанг боз тиҷорати узвҳои бадани одамро фаъолона роҳандозӣ кардаанд. Ин матлаб таҳти унвони «Бизнеси дилу ҷигар» баррасӣ шудааст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий