Барномаи иттилоотиву таҳлилии «Ташреҳ», 12.11.2017

Ҳафтаи ҷорӣ сокинони кишвар яке аз ҷашнҳои бузург – 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил мекунанд. Ин ҳафта рўзномаҳо аз ин рўйдоди таърихӣ ёдоварӣ карда, аҳамият ва нақши онро таҳлилу баррасӣ намуданд. Муаллифони мақолаҳо ва мусоҳибони онҳо Иҷлосияи мазкурро рўйдоди таърихӣ ва тақдирсоз унвон карданд.
Ба андешаи коршиносон ва таҳлилгарон нақши Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ муҳим аст. Таъкид мешавад, ки дар марҳилаи кунунӣ яке аз масъалаҳои муҳим ин ҳифзи истиқлолият ва сулҳу субот мебошад. Ва яке аз хатарҳои халалдоркунандаи ваҳдату ягонагӣ ин зуҳуроти номатлуби аср – терроризм ва экстремизм аст. Инҳо мавзўъҳои сархатии чопи навбатии матбуотанд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий