БАРНОМАИ ИТТИЛООТИВУ ТАҲЛИЛИИ «ТАШРЕҲ» 08.10.2017

Шумораи навбатии матбуоти даврӣ аз матолиби гуногунмавзӯи хонданиву ҷолиб фароҳам омадаанд.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода амалишавии қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро инқилоби маънавию фарҳангӣ унвон кард. Ин матлабро «Минбари халк» дар шумораи навбатии худ чоп кардааст.
Нашрияи «Сухани халқ» бошад, ба баррасии мавзӯи маҳалгароӣ пардохта, афзоиши ин зуҳуротро натиҷаи тафаккури маҳдуд ва сатҳи пасти ҷаҳонбинӣ арзёбӣ кардааст. Инчунин, ин нашрия аз тақдири Хайринисо ном ҷавонзани 23-солаи ноком ва оқибати рашки мард нисбати зан, ки ба ҳодисаи куштор оварда расонидааст, матолиб дарҷ кардааст.
«Тоҷикистон» бо таассуф ҳодисаи қатли зан аз ҷониби шавҳарро, ки дар Истаравшан рух дод, ба қалам додааст. Маводи ҷолибу муҳими ин ҳафтавор оиди одамрабоӣ мебошад. Дар 11 соли охир 700 шаҳрванди Тоҷикистон рабуда шудаанд.
«Оила» бошад, тақдири зани тоҷик Норбибӣ Мансуроваро ба қалам додааст, ки бо фиреб ғуломи шайхи араб намудаанд.
Оиша ном ҷавонзани тоҷик низ тақдири шуме дорад, ки ҳамин нашрия дар саҳифаи худ инъикос кардааст. Баъди ҳалокати шавҳар ва бедарак шудани падару модар Оишаи 16-сола дар Сурия саргардон монд.
«Самак» менависад, ҷавони 20-солаи тоҷик, ки дар Курғонтеппа таркиш ба амал овард ва инчунин, узви ДИИШ буд, умрбод аз озодӣ маҳрум шуд.
«Вақте ҳоли мусалмонҳои Роҳинҷаро дидам, шукр кардам, ки Ватан дорам» — ин унвони матлаби дигари «Самак» аст.
Ҳафтаномаи «Дунё» аз исломситезӣ ва дар ҷои дигар аз амалҳои хоинонаи роҳбарони ҲНИТ маводи хондание чоп кардааст. Муаллиф кишварҳои Аврупоро ҳушдор медиҳад, ки дар муносибат бо ҲНИТ эҳтиёт бошанд.
«То табаддулот се рӯз монд» — зери ин сарлавҳа «Фараж» мусоҳибаи судяи Суди Олии ҶТ Шамс Азизовро дарҷ кардааст, ки аз амалҳои хоинонаи ҲНИТ мугӯяд. Ҳамин нашрия хабар медиҳад, ки минбаъд волидонеро, ки аз супоридани алимент саркашӣ мекунанд, ҷазои сахттар интизор аст.
«Озодагон» ба баррасии мавзӯи коррупсия пардохта, ду ҳодисаи охир – дастгир шудани ду мансабдори баландпоя аз ҷониби оҷонсии зиддикоррупсиониро мисол овардааст. Ҳамчунин, назарпурсиеро пешкаши хонандагон кардааст.
«Чархи гардун» навиштааст, оё кашфи қабри Чингизхон оғози ҷанг ва охири дунёст? Миёни мардуми муғул ин ақида роиҷ аст, аммо то куҷо он ба воқеъият рост меояд…
Устод Айниро дар аввал дар боғи марказии пойтахт дафн карда буданд. Соли 1960 ҷанозаи устодро аз қабр берун карда, дар боғи имрӯзаи ба номи Айнӣ ба хок супориданд. Ҳафтавори «Азия плюс» дар ин бора матлаби хондание дарҷ кардааст.
«СССР» бошад, қайд мекунад, дар мустақилияти Курдистон аллома Бобоҷон Ғафуров низ саҳми шоиста дорад.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий