Барканории ду сардори нозироти андоз дар Суғд

Раёсати андоз дар вилояти Суғд сардорони нозироти андоз дар шаҳрҳои Исфараву Конибодомро аз мақом барканор кард. Онҳо бинобар таъмин карда натавонистани нақшаи андоз аз вазифа барканор шудаанд. Бахтиёр Султон, сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд зимни нишасти хабарияш гуфт: «Дар соли 2017 иҷроиши нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар  шаҳри Исфара 91,8% ва Конибодом 95,7% таъмин гардид, ки дар натиҷа ба буҷети давлатӣ 13,4 миллион сомонӣ маблағ ворид нашуд». Соли гузашта бино ба гуфти Бахтиёр Султон дар ин ду шаҳр чанде аз корхонаҳо ҳаҷми истеҳсолотро кам карда ва ё фаъолият набурдаанд, ки дар натиҷа ба иҷроиши буҷети давлатӣ таъсир расонид.
Соли 2016 шаш нозироти андози шаҳру наҳияҳои вилояти Суғд нақшаи андозсупориро таъмин карда натавониста буданд. Соли гузашта танҳо ду шаҳр натавонистанд аз иҷрои ин нақша бароянд. Аммо дар соли 2017  аз ҳисоби иҷроиши нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ 2 миллиарду 290 миллион 700 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 174,4 миллион сомонӣ ва ё 108,3 фоиз зиёд аст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий