Ба хотири хотира

Мавзӯи навбатии ток шоуи Печутоби замон ба хотири хотира таҳия гардида, ҳамин унвонро ҳам гирифт. Яъне, «Ба хотири хотира». Фаромӯшхотирӣ дар ҳар як инсон мушоҳида мешавад. Бахусус солҳои охир ин ҳолатро аз хурд то бузург мушоҳида кардан мумкин. Чаро? Ин беморӣ аст, ё ҳолати муқаррарии одам. Кадом вақт онро ҳамчун меъёр қабул кардан мумкин? Кай хотираи заиф ба беморӣ табдил меёбад? Равоншинос ва асабшинос сарҳади ин ду ҳолати инсонро муайян карданд. Дар рафти барнома иштирокчиёне буданд, ки аз хотираи сусти худ шикоят доштанд. Аммо Манижаву Ёсуман, ду духтари тоҷик, мустаҳкамии кори хотираро ба мардуми рӯи олам исбот карданд, ки дар ин хусус навор намоиш дода шуд. Устоди ДДХ Ҳусейн Зайтметов , ки худ хотирашинос аст, дар барнома бо мисол нишон дод, ки ҳар нафар метавонад аз болои фаромӯшхотирии худ ғалаба кунад. Барномаро то охир тамошо кунед, паҳлӯҳои гуногуни муамморо равшан менамояд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий