Аъзои як оила аз Исфара бо ҷурми «қасди ҷиҳод» аз 12 то 17 сол маҳкум ба зиндон шуданд

Ҳафт нафар аъзои як оила, ки ҳама сокинони ҷамоати деҳоти Навгилеми Исфара мебошанд бо ҷурми «қасди ҷиҳод» дар Сурия аз 12 то 17 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Ҳукми ин нафарон рӯзи 18-уми апрел дар Суди вилояти Суғд хонда шуд ва бино ба гуфти судя Фирӯза Аҳмадзода ин аъзои як оиларо Баҳодур Насриддинов писари 47 солаи хона гумроҳу ба рафтан ба Сурия тарғиб кардааст. Бар пояи ҳукми суд ӯ 17 сол аз озодӣ маҳрум гардида модари 71 солааш Мавлуда Насриддинова 12 сол, набераи ин модар Ҳайдархон Насриддинов ва домодаш Насруллохон Абдувалиев ба 12,5 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуданд. Фарзона Насриддиноваи 19-сола, ки дар батн кӯдаки 7-моҳа дорад ва ҳамсари Насруллохон Абдувалиев мебошад ва хешовандони хонавода Шоҳинаву Мушоҳирахон Нуриллоеваҳо ҳам ҳар яке ба 12 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шудаанд. Қаблан бино ба иттилои Суди вилояти Суғд ду нафар узви дигари хонавода — Маърифат Насриддинова ва Шоҳида Нуруллоеваи 16-24 сола ба сабаби бемории рӯҳӣ ва ноболиғӣ, аз ҷавобгарӣ озод шуда буданд. Бар пояи иттилои суди вилояти Суғд нисбати 28 нафар аъзои як оила аз Исфара, ки ба Сурия сафар карда буданд парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий