Аввалин истгох дар Хучанд ба истифода дода шуд

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 4 истгоҳ дар Хуҷанд ба истифода дода шуд. Истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҷониби ҶДММ «Суғдпайваст» мутобиқи меъёрҳои байналмиллалӣ сохта шудааст. Тибқи лоиҳа дар ҳар истгоҳ ҷойи нишаст, харитаи хатсайри автобусҳо, хизматрасонии мобилӣ мавҷуд аст. Дар марҳилаи якум 95 адад истгоҳи замонавӣ дар 4 шаҳру ноҳияҳои вилоят сохта мешавад.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий