Як ихтироъкори ҷавон дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) гармкунаки  барқии камхарҷро офарид. Гармидкунаки барқии ихтироъкардаи Анӯшервон Каримов дар як соат ҳамагӣ 800 ватт ва гармкунаки барқии дар бозор ба фурӯш гузошташуда 1,6 киловат/соат нерӯи барқро сарф мекунад. Анӯшервони 25 сола мегӯяд, барои ихтироъи гармкунаки барқӣ хело заҳмат кашид ва ниҳоят як роҳи сабукӣ ба иқтисоди оилавии тоҷиконро дарёфт намуд. Аз рӯи таҳқиқоти анҷомдодаи ӯ гармкунаки барқии ихтироъкардааш дар сурати 24 соат бо барқ пайваст будан 19 киловат/соат ва гармкунаки дар бозор ба фурӯш гузошта шуда 48 киловат/соат нерӯи барқро сарф мекунад. «Аз ҷиҳати бехатарӣ бехатартар аст, барои он ки якумаш ин гармкунаки барқиро бо масолеҳи сохтмонии тунука сохтагӣ дуюмаш ин ки тунука тезтар гарм мешаваду гармиро тезтар ба хона паҳн мекунад. Мисол Шумо метавонед, яке аз тугмаи таҷҳизоти барқиро пахш кунед, ки 400 ватт/соат нерӯи барқ истеъмол мекунад ва ҳам дар гармии он либос хушк карда метавонед.»

Чанде аз ихтирои дастгоҳҳои барқии каммасрафи Анӯшервон Каримовро дар гузориши зерин тамошо кунед.

Поделиться в: