Андозаи меҳри модар то куҷост?

Поси шаб. Зану шавҳари ҷавон дохили хона. Хушдоман паси тиреза. Гӯшу ҳуш ба садои аз хона мебаромада. Ин ҳолатро равоншиносон ҳамчун рашки модарӣ маънидод карданд. Модарон бошанд ин ва ба ҳамин монанд ҳолату ҳодисаҳои ҳаётиро аз меҳри беандозаи модар ва хавотирӣ меноманд. Ин чо муаммо ба миён омад. «Андозаи меҳри модар то куҷост?» Бо ҳамин мазмун мавзӯи навбатии ток шоуи Печутоби замон сабт шуд. Гоҳо дар зиндагӣ меҳри беандозаи модар фарзандонро нафасгир ҳам мекардааст. Аз меҳру муҳаббати беҳудуди модарӣ, то рашки модар, як қадам будааст. Модар ки ба фарзандаш рашк кард, зиндагии фарзанд тунд мешавад. Пас миёнаи тиллоиро бояд муайян кард. Печутоби замон онро пайгирӣ кард.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий