Даромад ба маркази «777 Ситора» ройгон, истифода аз бозиҳо аз як сомонӣ болост.

Даромад ба маркази «777 Ситора» ройгон, истифода аз бозиҳо аз як сомонӣ  болост.

Дар боғи фарҳанги фароғатии ба номи Камоли Хуҷанди маркази кӯдакона ба фаъолият оғоз намуд. Барои кӯдакону наврасон бозиҳои гуногун аз давлати хориҷа оварда шуда барои хушҳолии онҳо хизмат мерасонад. Даромад ба маркази “777 Ситора” ройгон буда , истифода аз таҷҳизот аз 1 сомонӣ сар мешавад.

Поделиться в:
Подробнее

Довталабон бештар ба кластери панҷум ҳуҷҷат месупоранд. Чаро?

Довталабон бештар ба кластери панҷум ҳуҷҷат месупоранд. Чаро?

Бақайдгири тариқи Маркази миллии тестӣ дар нуқтаҳои қабули вилояти Суғд идома дорад. Довталабон то ҳол  имкон доранд, ки фикр карда касби ояндаро интихоб намоянд. Аз рӯи нишондиҳанда ҳуҷҷатсупори ба соҳаи тиб хеле зиёд аст. Довталабони мо мехоҳанд дар оянда духтур шаванд ва барои саломатии ҷомеа хизмат намоянд.  Донишгоҳи тибби қабули васеъи донишҷӯёнро дорад ва онҳо чигуна бо ҷои кор таъмин мешаванд?

Поделиться в:
Подробнее

Зоти мурғи даштии тазавр дар Ҷазираи Темурмалик зиёд мегардад

Зоти мурғи даштии тазавр дар Ҷазираи Темурмалик зиёд мегардад

Маҷмааи сайёҳи истироҳатии “Ҷазираи Темурмалик” бо мақсади ҳифз ва зиёд кардани зоти мурғи дашти тазавр бунёд гардид. Он дар минтақаи “Сартӯқаи” ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир шудааст. Дар Ҷазираи Темурмалик ҳоло 130 тазаври сирдарёиро парвариш карда истодаанд. Тазаврҳо дар як қафаси калон нигоҳ дошта шудаанд.

Поделиться в:
Подробнее

Майдони лолазор танҳо барои тамошост. Бо худ канда бурдан манъ аст.

Майдони лолазор танҳо барои тамошост.  Бо худ канда бурдан манъ аст.

Соли аввал аст, ки дар арафаи Наврӯз ва мавсими гули лола 40 намуди лола дар боғи фарҳанги-фароғатии ба номи Камоли Хуҷанди шинонида шуд. Майдони лолазорро тарзу нақши зебои он оро додаанд. Баҳамоии ранг ва намуди лолаҳо дар макони боғ гуногун буда, хеле зебо аст. Пас аз фестивали сайри гули лола тамошобинони лолаҳои рангоранг бисёр шудаанд.Масъулон таъкид доранд, ки меҳнати гулпарваронро қадр карда сокинон танҳо аз тамошои лолаҳо баҳравар шаванд. Яъне лолаҳоро дидан ҳасту бо худ канда бурдан иҷозат нест.

Поделиться в:
Подробнее

Намоишнома аз ҷониби таълимгирандагони “Эҳёи маънавият” рӯи саҳна омад.

Намоишнома аз  ҷониби таълимгирандагони “Эҳёи маънавият” рӯи саҳна омад.

ТҶ Мактаби таҳсилоти иловагии “Эҳёи маънавият” аз рӯи достонҳои Маснавӣ намоишномаи театрикунонидашударо рӯи саҳна гузоштанд. Намоишҳо ҷиҳати тарбиявӣ дошта аз ҷониби тамошобинон хуш пазируфта шуд.

Поделиться в:
Подробнее

Тарабхона дар шакли киштии Темурмалик дар сохили Сирдарё

Тарабхона дар шакли киштии Темурмалик дар сохили Сирдарё

Боз як тарабхонаи нав “Темурмалик” дар соҳили дарёи Сир сохта ба истифода дода шуд. Он аз ҷониби соҳибкори ватанӣ-роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абдурашид” Абдурасул Раҷабов бунёд гардид. Барои 50 нафар ҷои нави кори фароҳам шуд. Коршиносони соҳаи иқтисод будану фаъолияти тарабхонаҳоро қабул доранд. Дар баробари ин иқтисодшиносон бар ин назаранд, ки дар оянда корхонаҳое низ бунёд шаванд, ки тавонад шумораи зиёди бекоронро бо ҷои корӣ таъмин кунад.

Поделиться в:
Подробнее