Чаро барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ аз эҳсоси динӣ корбарӣ мекунанд?

Чаро барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ аз эҳсоси динӣ корбарӣ мекунанд?

Дар сиёсат дӯстӣ нест, дар сиёсат манфиат аст. Давлатҳо бо ҳамдигар муносибат мекунанд, пеш аз ҳама бо мақсади манфиат ҷустан. Расман самтҳову афзалиятҳои сиёсати хориҷии худро эълон мекунанд, аммо дар паси он сиёсати дигарро корбарӣ менамоянд. Чаро? Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ба як марҳилае расидааст, ки абарқудратҳо барои мавқеъ ёфтан ва зери таъсир гузоштани дигар давлатҳо аз тамоми василаҳо истифода мебаранд. Яке аз он василаи динӣ аст. Ин чӣ гуна таъсиргузорӣ аст? Чаро таъсиргузорӣ бо воситаи дин? Ин ҳама масъалаҳо дар барномаи навбатӣ бо коршиносони ин мавзуъ матраҳ шудааст.

Поделиться в:
Подробнее

Наврӯз дарси ояндасози ҷавонон

Наврӯз дарси ояндасози ҷавонон

Печутоби замон оини наврӯзиро бозгӯ кард. Аз таърихи наврӯз дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров А. Аюбов маълумот дод. Барои намоиши анъанаҳои миллӣ ва хоси наврӯзӣ хонандагони МТМУ № 16 кӯмак намуданд. Ҷавонон намунаи либосҳои тоҷикиро дар ҳар давру замон ба бар намуда, ба ҳозирон нишон доданд. Кадбонуҳо ҳунару маҳорати худро дар буридани угрову бастани тушбера санҷиданд. Сурудҳои наврӯзии сарояндаи хушовоз Субҳиддини Раҷабзод барномаи наврӯзии Печутоби замонро ҳусни идона бахшид.

Поделиться в:
Подробнее