300 ҳазор гулҳои ороиши дар фасли баҳор кӯчаҳои Хуҷандро зеб медиҳад

300 ҳазор гулҳои ороиши дар  фасли баҳор  кӯчаҳои Хуҷандро зеб медиҳад

Дар ду гармхона 300 ҳазор гули ороиширо нигоҳубин мекунанд. Дар шароити мувофиқ бо тарзу усули махсус тухмии гулро дар гармхона шинонида онро то муддати муайян нигоҳубин доранд. Гулҳои гармхона фасли баҳор дар кӯчаҳои марказии шаҳри Хуҷанд шинонида мешавад.

Поделиться в:
Подробнее

200 нафар наврасон таътили зимистонаашонро дар истироҳатгоҳ мегузаронанд

200 нафар наврасон таътили зимистонаашонро дар истироҳатгоҳ мегузаронанд

200 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд таътили зимистонаашонро дар истироҳатгоҳ гузаронида истодаанд. Дар фасли зимистон истироҳатгоҳи “20-солагии Истиқлолият”имконияту шароити қабули истироҳаткунандагонро дорад. Ҳаштумин қабули зимистонаи хонандагони мактабҳо дар ин ҷо гузаронида шуд. Хонандагон дар баробари истироҳат бо маҳфилҳои гуногун фаро гирифта шудаанд.

Поделиться в:
Подробнее

Пас аз 3 соли танаффус Маркази тиҷоратии «Ориён» дубора ба кор оғоз намуд

Пас аз 3 соли танаффус Маркази тиҷоратии «Ориён» дубора ба кор оғоз намуд

380 нуқтаи савдо дар маркази тиҷоратии «Ориён» пура ба фаъолият шурӯъ кард. Соҳибкорони ватанӣ молу маҳсулоти гуногуни истеҳсоли хориҷиро дар ин бозор ба фурӯш гузоштаанд. Кушода шудани боз як маркази тиҷорати интихоби васеъро барои харидорон пешниҳод мекунад.

Поделиться в:
Подробнее