Суръати сохтмони Қасри ҷавонон раиси вилояти Суғдро нигарон кард

Суръати сохтмони  Қасри ҷавонон раиси вилояти Суғдро нигарон кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷараёни кори сохтмони чанде аз иншооте, ки дар Хуҷанд рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад дидан намуд. Зимни боздид раиси вилоят таъкид намуд,ки иншоот бо сифати баланд сохта шуда, солҳои зиёд бояд хизмат кунад. Бинобар ин сохтмончиён бомасъулият бошанд.

Поделиться в:
Подробнее

Дар Хуҷанд 12 нақлиёти партовкашон ба фаъолият шурӯъ намуд

Дар Хуҷанд 12 нақлиёти партовкашон ба фаъолият шурӯъ намуд

Ба Хуҷанд 12 адад нақлиёти партовкашонии нав ворид шуд. Ҳамгоми ба истифодадодани он раиси вилояти Суғд супориш дод,ки барои тозаву обод намудани шаҳр ва саривақт гирифтани партов бо мардум дар иртибот бошанд. Нақлиёти мазкур дар доираи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ»-и шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2-юм оварда шуд. Дар назар аст, боз 7 адад техникаи дигари партовкашонӣ ба Хуҷанд оварда шавад.

Поделиться в:
Подробнее

Ба фаъолияти Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон 24 сол пур шуд

Ба фаъолияти Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон 24 сол пур шуд

Ба 24-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кумитаи иҷроии ин ҳизб дар вилояти Суғд маҷлиси идона доир шуд. Бештар аз дастовардҳову нақши ҳизби халқи демократи ёдовар шуда, фаъолонашро дар ин рӯз қадршиносӣ намуданд.

Поделиться в:
Подробнее

Дар Хуҷанд бинои нави Бозрасии Давлатии Автомабилӣ сохта мешавад

Дар Хуҷанд бинои нави Бозрасии Давлатии Автомабилӣ сохта мешавад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар маҳаллаи Ваҳдат ба бунёди бинои нави Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Хуҷанд санги асос гузоштанд. Ҳамчунин барои бунёди ду тарабхона дар соҳили Сирдарё оғоз бахшида шуд.

Поделиться в:
Подробнее

Ба вилояти Суғд 32 нафар духтурони силшинос намерасанд

Ба вилояти Суғд 32 нафар духтурони силшинос намерасанд

Мубориза бар зидди бемории сил дар байни занон дар як мизи мудаввар мавриди муҳокима қарор гирифт. 41,1 фоизи гирифтори бемории силро дар вилоят занон ташкил медиҳанд. Муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ аз кам будани духтурони силшинос дар Суғд изҳори нигаронӣ кард.

Поделиться в:
Подробнее