Ду ҷавон аз маъюб будани ноболиғ истифода карда даст ба номуси ӯ заданд

Ду ҷавон аз маъюб будани  ноболиғ истифода карда даст ба номуси ӯ заданд

Ду ҷавонписари шаҳри Хуҷанд нисбати як ноболиғ амалҳои ваҳшиёнаро анҷом додаанд. Ҳодиса оғози моҳи июли соли ҷорӣ дар яке аз бинои истиқоматии кучаи Гагарин рух дод. Ҷавонон аз маюб ва сустақл будани духтараки ноболиғ истифода карда даст ба номуси ӯ заданд. Ҳодисаи мазкур аз ҷониби РВКД дар вилояти Суғд ошкор шуда ҷинояткорон дастгир гардиданд.

Поделиться в:
Подробнее

Автобусҳои нав ройгон мусофиронро ба манзил мебарад

Автобусҳои нав  ройгон мусофиронро ба манзил мебарад

Бегоҳии санаи 30 июл бо иштироки раиси вилояти Суғд ба фаъолияти автобусҳои нав дар Хуҷанд оғози расмӣ бахшида шуд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дастур додааст, ки рӯзи аввал яъне санаи 1 август автобусҳо хизматрасониро ройгон ба роҳ монда мусофиронро аз як нуқта ба ҷои лозими бурда мерасонанд. Шурӯъ аз 2-юми августи соли равон нархи роҳкирои автобус 1 сомонӣ аз ҷониби шаҳрдорӣ Хуҷанд муайян карда шуд.

Поделиться в:
Подробнее

Бастани қулф ва партофтани калиди он ба дарё муҳабатти ҷавононро пойдор месозад?

Бастани қулф ва партофтани калиди он ба дарё муҳабатти ҷавононро пойдор месозад?

Чанд рӯз қабл дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук расми бастани қулф назди соҳили Сир ба намоиш гузошта шуд. Масъалагузории ин расм истифодабарандагони ин шабакаи иҷтимоиро ба ҷунбиш оварда боиси шарҳҳои зиёде шуд. Вақтҳои охир ҷавонон ба давлатҳои хориҷа таасуб карда қулфро харида онро дар панҷараҳои назди соҳили дарёи Сир баста калидашро ба об мепартояд. Ин амал гӯё содиқ будан ба ҳамдигар ва пойдории ишқу муҳабаташонро нишон медиҳад. Дилдодагон ва оилаҳои ҷавон бо бастани қулф исбот кардан мехоҳанд, ки муҳаббаташон самимӣ ва човидон аст. Оё содиқ будану ишқи ҳақиқи дар бастани қулф…

Поделиться в:
Подробнее

Саг косахонаи сари Эргашойро ба хонааш овард

Саг косахонаи сари Эргашойро ба хонааш овард

Моҳи июли соли равон дар расонаҳои ВАО оид ба бедарак гум шудани Эргашой Холбобоева 60 сола эълон пахш гардид. Эргашой Холбобоева сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҷамоати деҳоти Ёва маҳаллаи Учбоғ буд. Косахонаи сари гумшуда ва устухонпора аз манзили зисти ҳамсояаш пайдо шуд. Модари чор фарзанд зани 36 сола барои гирифтани ҷавоҳироти тиллоии Эргашой ӯро ба қатл расонида ҷасадашро оташ мезанад.

Поделиться в:
Подробнее