Оилаҳои намунавии шаҳри Хуҷанд ба Самарқанд фиристода шуданд

Оилаҳои намунавии шаҳри Хуҷанд ба Самарқанд фиристода шуданд

Бори аввал 9 ҷуфт аз оилаҳои собиқадор ва намунавии шаҳри Хуҷанд ба вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафтанд. Онҳо давоми ду рӯз он ҷо истироҳат карда аз ҷойҳои таърихиву фарҳангии Самарқанд диданд мекунанд. Маъруф Муҳаммадзода раиси шаҳри Хуҷанд ба онҳоро гусел кард.

Поделиться в:
Подробнее

Ҳаракати автобуси мусофирбар дар самти Тошканд-Хуҷанд ва Хуҷанд Тошканд ба фаъолият шурӯъ намуд

Ҳаракати автобуси  мусофирбар дар самти Тошканд-Хуҷанд ва Хуҷанд Тошканд  ба фаъолият шурӯъ намуд

Санаи 15 май нахуст автобуси мусофирбар аз Тошканд ба шаҳри Хуҷанд омад. Нархи роҳкиро 50 сомонӣ буда тариқи автобус мусофирон давоми чоруним соат ба Тошканд мерасанд. Мусофиронро зарур аст, ки бо худ шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд.

Поделиться в:
Подробнее

Донорон дар вилояти Суғд зиёд мешаванд

Донорон дар вилояти Суғд зиёд мешаванд

2650 нафар донор давоми 4 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудаанд. Ин шумора назар ба солҳои пеш зиёд буда ба гуфти мутахассисон мардум натиҷаи хунсупориро дида истодаанд ва ҳарчи бештар худро ҳамчун донор дар маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар қайд мегузоранд. Хуни донорон барои эҳтиёҷмандони бемор саривақт дастрас гардида ба сиҳатёбии онҳо мусоидат мекунад.

Поделиться в:
Подробнее