Сохтмони роҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Шарқи Хуҷанд оғоз шуд

Сохтмони роҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Шарқи Хуҷанд оғоз шуд

Дар кӯчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд сохтмони гузаргоҳи зеризаминии 260 метрӣ оғоз шуд. Ин гузаргоҳ байни бозори Афросиёб ва Панҷшанбе бунёд хоҳад шуд, ки дохилаш беш аз 60 мағозаи фурӯши молу маҳсулот пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ бо маблағгузории соҳибкорони ҶДММ «Сохтмончиёни Суғд» оғоз гардида дар фурсати шаш моҳ анҷом меёбад. Соҳибкорон мегӯянд, дар сурати бунёди ин гузаргоҳи зеризаминӣ мушкилии тамбашавии нақлиёт дар кӯчаи Шарқ хотима меёбад ва дар мағозаҳои дохили гузаргоҳ беш аз 250 нафар ҷойи корӣ пайдо мекунанд. Ин чаҳорумин роҳи зеризаминӣ дар ҳудуди бозори Панҷшанбе хоҳад шуд, ки дорои…

Поделиться в:
Подробнее

Имтиёзи ММТ: Аввал холи гузариш баъд 150 бал ба ятимон ва…

Имтиёзи ММТ: Аввал холи гузариш баъд 150 бал ба ятимон ва…

Маркази  миллии тестӣ ба 70 нафар довталабон аз вилояти Суғд барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ имтиёз хоҳад дод. Ин гурӯҳи довталабон асосан ятимони кулл, камбизоатон ва маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2-ум мебошанд. Ромиш Неъматов, мутахассиси ММТ дар вилояти Суғд ба СМ-1 гуфт, ки гурӯҳи довталабон замоне соҳиби ин имтиёз мегарданд, ки аввал холи гузаришро ба даст оранд. «Инҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда баъди холи гузаришро ба даст овардан дар ҳаҷми 150 бал имтиёз пешбинӣ шудааст.» Бино ба иттилои Ромиш Неъматов дар фосилаи якуним моҳи қабули ҳуҷҷатҳо  беш аз 20…

Поделиться в:
Подробнее

Гови сименталӣ ба иқлими Суғд мутобиқ шудааст

Гови сименталӣ ба иқлими Суғд мутобиқ шудааст

Зоти чорвои калони шохдори сименталӣ, ки се сол қабл аз Олмон ба шимолии Тоҷикистон ворид карда буданд ба иқлими ин минтақа мутобиқ шудааст. Фермерон мегӯянд, дар оғоз иқлими Суғд ба ин зоти чорво гарм омад ва аз ин рӯ дохили фермаро бо дастгоҳҳои хунуккунанда муҷаҳҳаз карданд. Мазбут Абдураҳмонов, мудири фермаи ширии «Афзали Зарзамин» дар сӯҳбат бо СМ-1 гуфт:  «Соли нахустине, ки гови сименталии олмониро овардем ҳаво гарм буд ва ин барои парвариши ин зоти чорво мушкил пеш овард. Он вақт дар говхонаҳо, дастгоҳҳои шаббодакунандаву обпошак мавҷуд набуд. Соли дуюм ин…

Поделиться в:
Подробнее