Суғд бо чанде аз кишварҳо 40 созишномаи ҳамкорӣ баст

Суғд бо чанде  аз кишварҳо 40 созишномаи ҳамкорӣ баст

Миёни Палатаи савдо ва саноати вилоятҳои Суғду Хатлони Тоҷикистон бо вилоятҳои Самарқанду Бухорои Ӯзбекистон ва Ҷалолободӣ Қирғизистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин кор дар доираи Анҷумани сеюми минтақавии шартномабандӣ ҳосил шуд, ки ҷонибҳо мегӯянд, он барои рушди тиҷорати кишварҳо манфиатовар аст. Дар умум дар анҷуман беш аз 40 меморандум ва шартномаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла 17 меморандум бо Федератсияи Россия, 12 меморандум бо Ҷумҳурии Ўзбекистон, 6 меморандум миёни Палатаҳои савдо ва саноат инчунин шартномаҳои ҳамкорӣ байни Суғду Хатлон ба имзо расид. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ин анҷуманро «майдони хуби…

Поделиться в:
Подробнее

Суғд: Дар се моҳ тахмин 300 ҷинояти вазнин содир шуд

Суғд: Дар се моҳ тахмин 300 ҷинояти вазнин содир шуд

Давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 1578 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114 ҷиноят зиёд аст. Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аз шумори умумии ҷиноятҳои содиршуда тахмин 300 ҷиноятро ҷинояти вазнин ном буд. Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳа аз ин ниҳод гуфтанд, ки 1357 ҷиноят ошкор ва сатҳи ошкорёбӣ ба 96,38  дарсад баробар аст.

Поделиться в:
Подробнее

Мубориза бар зидди магаси мошкӣ дар соҳили Сир

Мубориза бар зидди магаси мошкӣ дар соҳили Сир

Дар шаҳри Хуҷанд барои пешгирӣ аз зиёдшавии магасҳо, ки ҳоло ба фароғати одамон монеъ эҷод карда истодааст корҳои безараркунӣ оғоз шуд. Моҳи апрел мавсими афзоиши ҳар гуна магасҳо гуфта мешавад. Аммо масъулини Маркази санитанию-эпидемиологӣ ин магасҳоро барои саломатии одамон безиён арзёбӣ мекунанд. Барои нобудсохтани магасҳо ва ҳар гунна ҳашаротҳо дар ду тарафи соҳили дарёи Сир корҳои заҳрхимикатпошӣ оғоз шуд, ки гуфта мешавад бо ин васила аз афзоиши магазҳо ҷилавгирӣ мекунанд. Раҳмон Муҳаммадиев, мудири шӯъбаи Маркази назорати давлатии  санитарию-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд мегӯяд ин заҳрхимикатпошӣ танҳо мавсимӣ аст. «Безараргардони тариқи заҳрхимикатҳои ба…

Поделиться в:
Подробнее