«Хабар+» барномаи иттилоотӣ-таҳлилӣ санаи 10.02.2018

«Хабар+» барномаи иттилоотӣ-таҳлилӣ санаи 10.02.2018

Мавзӯъҳои асосӣ: Раҷаббой Аҳмадзода: Моҳҳои наздик дарҳо бо Ӯзбекистон боз мешавад. Озмуни вилоятии «Хомаи созанда» соли 2018 низ байни журналистони Суғд доир мешавад. 55 филиал, марказ ва ташкилоти қарзӣ дар Суғд барҳам хӯрд. Буриши қайсарӣ ройгон аст, аммо доруро аз дорухонаи дохили таваллудхона мехаред. Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик аз мақомот хостаанд дар гирифтани маблағ аз корфармои рус кӯмак кунанд. Занон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бештар ба ҷиноят даст задаанд.

Поделиться в:
Подробнее

Нафақахӯрони вилояти Суғд 5194 нафар зиёд шудаанд

Нафақахӯрони вилояти Суғд 5194 нафар зиёд шудаанд

Соли гузашта дар чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд норасогӣ нисбат ба талаботи нафақа ба миён омадааст. Ба ҷузъ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва Мастчоҳ  дигар шаҳру навоҳӣ норасогӣ нисбат ба талаботи нафақа ба миён омадааст. Бахтиёр Эҳсонзода, сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд зимни нишасти хабарияш гуфт, ин мушкил дар пайи таъмин нашудани андози иҷтимоӣ пеш омадааст. «Нӯҳ шаҳру ноҳия нақшаи ҷамъоварии андози иҷтимоиро иҷро накарданд. Вақте, ки нақша иҷро нашуд дар пардохти саривақтии нафақа мушкилӣ пеш меояд». Талаботи маблағи пардохти нафақа…

Поделиться в:
Подробнее

Раёсати тандурустӣ кори мутахассисони ташхисгоҳҳоро санҷид

Раёсати тандурустӣ кори мутахассисони ташхисгоҳҳоро санҷид

Хадамоти назораи фаъолияти тиббӣ ва Раёсати тандурустии вилояти Суғд гурӯҳи корие созмон дода дақиқ ва ё нодуруст будани таҳлил ва ташхиси бемориҳоро санҷидаанд. Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати танурустии вилояти Суғд гуфт, ин кор ба хотири ошкор намуани камбудиҳо ва ҳам пешгирии он амалӣ карда шуд. «Мисол мо духтурон барои санҷиш ба як ташхисгоҳ тахшисро супурида аз он ҷо ба дигар беморхона фиристодем, ки ташхисҳо ба ҳамдигар дурус меояд ва ё не. Бисёри ҷой дуруст, вале камбудиҳо ҳаст ва ин камбудиҳоро саривақт бартараф карда истодаем». Фаррух Мақсудзода инчунин гуфт, чанде аз…

Поделиться в:
Подробнее