Нафақахӯр: «Дилам мехоҳад асбоби мусиқӣ созам»

Нафақахӯр: «Дилам мехоҳад асбоби мусиқӣ созам»

Як нафар созандаи асбобҳои мусиқӣ мегӯяд, 47 соли умрашро барои рушди санъати миллии тоҷик бахшидааст. Абдуғаффор Абдусамадов бо сохтани даҳҳо асбоби мусиқии халқӣ тасмим дорад фазои санъати тоҷикро бо ин ҳунараш гарм нигоҳ дорад. «Ман ҳоло нафақахӯр ҳастам, дилам мехоҳад, ки боз ҳамин асбоби мусиқӣ созам, навозам. Санъаткорон ҳастанд, меоянд ва месароянд лаззат мебарам.» Абдуғаффори 67 сола тасмим гирифтааст, ки сохтани рубобу, дутор, ғиҷҷак, танбӯр, таблак, думбура ва найро ба наврасон омӯзонад. Соли 2016 барои заҳматҳояш ба ин ҳунарманд унвони Аълочии фарҳанги Тоҷикистонро доданд.

Поделиться в:
Подробнее

Таҳсили фосилавӣ: «Дар кадом гӯшаи дунё набошад дар Тоҷикистон соҳиби диплом мешавад»

Таҳсили фосилавӣ: «Дар кадом гӯшаи дунё набошад дар  Тоҷикистон соҳиби диплом мешавад»

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  ҳамчун озмоиш ба таҳсили фосилавӣ шурӯъ кардааст. Тахмин чанд моҳи охир беш аз 300 нафар донишҷӯёни шӯъбаи ғоибонаи ин донишгоҳ ба таҳсили фосилавӣ ҷалб шудаанд. Онҳо ба донишгоҳ ҳозир намешаванд, балки тариқи интернет аз хона аз устодон дарс меомӯзанд. Абдуфаттоҳ Раҳимов, муовини ректори ДДХ оид ба корҳои тарбиявӣ ба СМ-1 гуфт: «Мо кӯшиш намудем, нақшаҳои таълимии таҳсилоти фосилавиро тариб додем ва дар маркази методии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз ташхис гузаронида тасдиқ намуда овардем. Ҳоло дар чаҳор факултет, ҳам дар риштаи…

Поделиться в:
Подробнее

Боздошти се ҷавон бо ҷурми дуздии аккумлиятор

Боздошти се ҷавон бо ҷурми дуздии аккумлиятор

Се ҷавони аз 20 то 22 сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо ҷурми дуздии аккумлиятори нақлиёт боздошт шуданд. Онҳо сокинони ҷамоати Гулхона, Ғӯлакандоз ва Ҳаёти Нави Ҷаббор Расулов буда бо дуздии барқдиҳандаи мошин ба 30 нафар аз 500 то 2000 сомонӣ зарари пулӣ расонидаанд. Аз Раёсати корҳои дохилӣ ба СМ-1 гуфтанд, ки ин иттифоқи сегона асосан воситаҳои нақлиёти дар кӯча ё назди ҳавлӣ гузошта шудаи тамғаи «Камаз» ва «Портер»-ро ҳадаф қарор додаанд. «Дуздиҳо шабона содир шуда аккумлияторҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада дар деҳаҳои наздисарҳадии Қирғизистон, ки…

Поделиться в:
Подробнее