Заҳролудшудагон аз беморхона ба хона баргаштанд

Заҳролудшудагон аз беморхона ба хона баргаштанд

Шаш нафар сокинони шаҳри Хуҷанд, ки аз истеъмоли оши палав заҳролуд шуда буданд, имрӯз 3-уми январ аз беморхона ба хона баргаштанд. Духтурони беморхонаи рақами якуми шаҳри Хуҷанд гуфтанд, ки онҳо аз истеъмоли маҳлули кимёвии «нитрати натрий», ки ба ҷойи намак ба оши палав рехта шудааст заҳролуд шудаанд. Аз ин 6 нафар заҳролудшудагон 3 нафар аъзои як оила ва боқимонда ҳамсояҳо мебошанд. Қаблан рӯзи 30-уми декабри соли 2017 дар назди бинои рақами 5-и маҳаллаи 19 гурӯҳе ба муносибати Соли нав оши палав пухта заҳролуд шуданд, ки дар натиҷа чаҳор нафар аз…

Поделиться в:
Подробнее

Хуҷанд: Кӯмаки чӯбу тунука ба биноҳои аз шамол зиёндида

Хуҷанд: Кӯмаки чӯбу тунука ба биноҳои аз шамол зиёндида

Мақомоти маҳаллии шаҳри Хуҷанд корҳои бартарафкунии зарари шамоли бошиддати шаби 26 ба 27-уми декабри соли 2017-ро оғоз намуд. Аз Корхонаи давлатии истифодабарии манзили соҳили рости шаҳр ба СМ-1 гуфтанд, ки дар пайи як дастури мақомот онҳо дар харидории ҷӯбу боми биноҳои баландошёна ба мардум кӯмак мерасонанд. Устоҳо низ аз ин корхона алакай ба кӯмаки мардум сафарбар шудаанд. Гуфта мешавад, ки офати табиӣ бештар ба сокинони соҳили рости шаҳри Хуҷанд хисороти калони молӣ ба ҷой гузошта бино ба ҳисобҳои пешакӣ 25 ҳазор метри мураббаъ болопӯши биноҳоро вайрон кардааст.

Поделиться в:
Подробнее

Эълон: 4-уми январ дар Хуҷанд нерӯи барқ қатъ мешавад

Эълон: 4-уми январ дар Хуҷанд нерӯи барқ қатъ мешавад

Рӯзи 4-уми январи соли ҷорӣ давоми як рӯз дар баъзе аз маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд интиқоли нерӯи барқ қатъ карда мешавад. Бино ба як маълумоти Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд, ки дар дасти СМ-1 қарор дорад ин маҳдудкунӣ ба хотири «барқарор намудани интиқоли барқ баъд аз офати табиӣ дар хатти ҳавоии баландшиддати 110 кВ» сурат мегирад. Гуфта мешавад, ки интиқоли барқ дар баъзе биноҳои баландошёнаи маҳаллаҳои 18, 19, 27, 28, 31, 32 кӯчаҳои маҳаллаҳои 29, квартали 20-ум ва муассисаҳои таълимӣ аз соати 8:00 то 17:00 бегоҳ қатъ мегардад. Аз шабакаҳои барқӣ гуфтанд,…

Поделиться в:
Подробнее

«Доктор Айболит ва морони Ҳиндустон» дар Хуҷанд

«Доктор Айболит ва морони Ҳиндустон» дар Хуҷанд

Гурӯҳи 26 нафараи ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон рӯзҳои 6-7-уми январ дар шаҳри Хуҷанд барномаи ҷолиберо ба намоиш мегузоранд. Намоишнома «Доктор Айболит ва морони Ҳиндустон» ном дошта дар он хирсу, маймун, мор ва чанде аз ҷонвари хонагӣ амалҳои ҷолиберо нишон медиҳад. Дар чанд даҳсолаи ахир ин бори нахуст аст, ки Сирки давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барномаҳои худро манзури сокинон мегардонад.

Поделиться в:
Подробнее