«То соли 2020 роҳи «Ашт-Хуҷанд» пурра таъмир мешавад.»

«То соли 2020 роҳи «Ашт-Хуҷанд» пурра таъмир мешавад.»

Зариф Мирдадо, раиси ноҳияи Ашт дар мулоқоте бо ҷавонони ин ноҳия дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки то соли 2020 роҳи «Ашт-Хуҷанд» рӯи таъмирро мебинад. Ӯ гуфт ба анҷоми корҳои таъмири ҷорӣ умед дорад. «Мо умед дорем, ки солҳои наздик ин кор мешавад.  Имсол бо дастгирии раиси вилояти Суғд 1 миллион сомонӣ барои таъмири ҷории роҳи автомобилгарди «Ашт-Хуҷанд» ҷудо шуда  таъмир идома дорад. То соли 2020 ба пуррагӣ таъмири ҷорӣ анҷом меёбад, ин корҳо идома дорад ва мешавад.» Роҳи «Ашт-Хуҷанд» то маркази ноҳия шаҳраки Шайдон тахмин 120 километр ва то дигар ҷамоатҳои…

Поделиться в:
Подробнее

Рамазон Раҳимзода сардори нави РКД-и Суғдро муаррифӣ кард

Рамазон Раҳимзода сардори нави РКД-и Суғдро муаррифӣ кард

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни сафари рӯзи 13-уми декабрии худ ба вилояти Суғд сардори тозаинтихоби РКД-и ин вилоятро муаррифӣ кард. Дар пайи як тағйирот сардори РКД-и вилояти Суғд генерал-майори милитсия Шариф Назарзода ба вазифаи сардори Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе таъин шуд. Генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо ба вазифаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд интихоб гардид. Инчунин дар як маҷлиси тантанавӣ боз чанде аз кормандони мақомоти милитсияи Суғд, ки ба вазифаи нав интихоб шудаанд муаррифӣ гардиданд.

Поделиться в:
Подробнее