Милитсия даҳҳо ноболиғро дар интернеткафе боздошт кард

Милитсия даҳҳо ноболиғро дар интернеткафе боздошт кард

Кормандони мақомоти милитсия зимни як рейди шабона дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 32 нафар ноболиғони шабгард ва саргарми бозиҳои компютериро боздошт намуданд. Ин рейд дар марказҳои бозиҳои компютерӣ ва интернеткафеҳои шаҳри Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд. Мақомоти милитсия мегӯяд, тибқи талаботи моддаи 4-и Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гаштугузори ноболиғон аз соати 20:00 то соати 06:00 дар танҳоӣ бе роҳбаладии шахси калонсол манъ аст. Вобаста ба далелҳои ошкоргардида протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда баъди сӯҳбатҳои профилактикӣ ноболиғони боздоштшуда ба волидонашон супорида…

Поделиться в:
Подробнее

Суғд: Кӯдаки 4 сола дохили шири ҷӯш афтод

Суғд: Кӯдаки 4 сола дохили шири ҷӯш афтод

Як кӯдаки 4 сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дохили деге, ки дар он шир ҷӯш мезад афтода 70 дарсади ҷисмаш сӯхтааст. Аз ӯ Райҳона ном мебаранд, ки дар беморхонаи рақами якуми шаҳри Хуҷанд бистарӣ аст ва дар фосилаи 15 рӯз ду бор ҷарроҳии пластикиро аз сар гузаронидааст. Сабоҳат Турсунова модаркалони кӯдак ба СМ-1 гуфт, ки қаблан онҳо ба зинда мондани Райҳона бовар надоштанд. «Ин ҳодиса вақте рух дод, ки модари Райҳона шири ҷӯшидаро аз дег ба сатил мерехт ва мехост кӯдакро аз назди он дур кунад. Аммо кӯдак аз дасти…

Поделиться в:
Подробнее