«Хабар+» барномаи иттилоотӣ-таҳлилӣ санаи 09.12.2017

«Хабар+» барномаи иттилоотӣ-таҳлилӣ санаи 09.12.2017

Мавзӯъҳои асосӣ: • Марги шавҳар аз зарби як корди зан дар Суғд • Аз 25 куштор 7 куштор дар заминаи хушунату зӯроварӣ ва мастӣ содир шудааст. • Шариф Назарзода гуфта буд 279 оилаҳои ноустуворро ба созиш овардаанд. • Қотилони таксист 25-солӣ зиндонӣ шуданд • Панҷакент: Мардеро бо ҷурми пайравӣ ба равияи мамнӯъи Ҳизби исломии Туркистон ба муддати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шуд. • Дар Истаравшан фаъолияти ду сехи истеҳсоли маҳсулоти шириро манъ карданд. • Санҷиши сифати гӯшти мурғ дар бозорҳои Суғд оғоз гардид. • Хабарнигори СМ-1 дар Рӯзи авиатсияи гражданӣ…

Поделиться в:
Подробнее

Насби арчаи 18 метраи солинавии Хуҷанд оғоз гардид

Насби арчаи 18 метраи солинавии Хуҷанд оғоз гардид

Шурӯъ аз рӯзи 8-уми декабр насби арчаи солинавии Хуҷанд дар майдони «Ситораҳо» оғоз шуд. Баландии арчаи солинавӣ 18 метр буда масъулини идораи ободонии шаҳр мегӯянд, давоми се сол охир ҳамин арчаро мегузоранд. Тасмим ҳаст майдони «Ситораҳо»-и Хуҷанд то рӯзи 15-уми декабр пурра ба баргузории барномаҳои солинавӣ омода шавад. Аз ҳамин сана донишҷӯёну, хонанагони мактаб ва ҳунармандон барномаҳои ҷолиби солинавии худро манзури омма мегардонанд.

Поделиться в:
Подробнее

Коҳиши сатҳи расмии бекорон дар Суғд

Коҳиши сатҳи расмии бекорон дар Суғд

Сатҳи расмии бекорӣ дар вилояти Суғд соли ҷорӣ то ба 1,3 фоиз поён фаромадааст. Соли гузашта сатҳи бекорӣ 1,4 фоизро ташкил медод. Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд мегӯяд, яке аз сабабҳои кам шудани шумори бекорони расмӣ ин рӯй овардани сокинон ба дарёфти ҷойи корӣ аст. Зеро гуфта мешава, дар як соли охир шумори нафароне, ки барои дарёфти ҷойи корӣ ба мақомот муроҷиат кардаанд зиёд шудааст.

Поделиться в:
Подробнее