Дар Хуҷанд фаъолияти 31 дӯконро манъ карданд

Дар Хуҷанд фаъолияти 31 дӯконро манъ карданд

Мақомоти милитсия дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти 31 адад дӯконро манъ намуд. Аз он 27 дӯкон ба ҶДММ “Дӯсти Амирхон” мансуб буда дар масоҳати 108 метри мураббаъ қитъаи замин ҷойгир буд. Бино ба иттилои Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ин тасмим бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд амалӣ мешавад. Аксари ин дӯконҳо дар ҳудуди бозори Панҷшанбе ҷойгир буда макони ҷойгиршавии он симои шаҳрро коста гардонидааст. Соҳибони дӯконҳо муваззаф шудаанд, ки дар дорамади кӯчаи Саховат шафати бозори Панҷшанбе ҷой гирифта ба тиҷорат машғул шаванд. Мӯҳрбандии дӯконҳо дар ҳоле сурат гирифт, ки қаблан мақомоти…

Поделиться в:
Подробнее

Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Хуҷанд дари худро боз кард

Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Хуҷанд дари худро боз кард

Дар шаҳри Хуҷанд намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Русия–Россотрудничество ба кори худ оғоз кард. Акнун ин марказ барои ҳамкориҳои ҷавонони Тоҷикистону Русия роҳи наверо боз мекунад. Масъулин мегӯянд, маркази илму фарҳанги Русия–Россотрудничество барои ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар низ заминаи хуберо ҳам мегузорад. Гурӯҳе аз коршиносон бар он назаранд, ки дар ин марказ имкони хуби омӯзиши забони русӣ мавҷуд буда натанҳо сокинони шаҳри Хуҷанд, балки сокинони дигар шаҳру навоҳии Суғд метавонанд аз он баҳраманд шаванд.

Поделиться в:
Подробнее

Дар Суғд гирифторони ВНМО афзудааст

Дар Суғд гирифторони ВНМО афзудааст

Шумори олудагони ВНМО дар шимолии Тоҷикистон давоми 11 моҳи соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли 2016-72 нафар афзудааст. Феълан дар вилояти Суғд 270 нафар гирифторони вируси норасоии масъунияти одам дар қайди доимии духтурон ҳастанд. Аз Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар вилояти Суғд ба СМ-1 иттило доданд, ки аксари олудагони ин вирус муҳоҷирони меҳнатиянд. Абдукарим Абдуев, директори ин марказ гуфт, ки аз рӯи таҳлилҳои онҳо   давоми се соли ахир аксаран ВНМО асосан тариқи алоқаи ҷинсӣ ба шахси дигар гузаштааст. «Вақте, ки мо сохтори бемориро таҳлил намудем дар соли…

Поделиться в:
Подробнее

«Хабар+» барномаи иттилоотӣ-таҳлилӣ санаи 02.12.2017

«Хабар+» барномаи иттилоотӣ-таҳлилӣ санаи 02.12.2017

Мавзӯъҳои асосӣ: Марде бо ҷурми куштори ду зан 24 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ронандаи фирорӣ баъди марги пиёдагарди ҷавон боздошт гардид. Суғд: Боздошти 173 ронандаи маст дар ду моҳу бист рӯз. БДА: Бинобар боридани барфу борон ва яхбандӣ рӯзҳои назик ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд» душвор мегардад. Прокурор гуфт, масъулини мақомоти давлатӣ талаботҳои Стратегияи миллиро иҷро намекунанд. Собиқ раис бо сохтани аробаи тоҷикӣ ба маъюбон кӯмак мерасонад. Дар Хуҷанду Душанбе як рӯз нақлиёти ҷамъиятӣ бепул хизматрасонӣ кард. Ҳар ҷаҳорумин зан ҷабрдидаи хушунати оилавӣ аст. Беш аз 60 кӯдаки дучори бемории…

Поделиться в:
Подробнее