Сокинони наздисарҳадӣ пухтани сихкабобро омӯхта истодаанд

Сокинони наздисарҳадӣ пухтани сихкабобро омӯхта истодаанд

Дар доираи лоиҳаи «Ҳамсояи хуб-дӯсти беҳтарин аст» ба ҷавонони қирғизу тоҷик пухтани сихкабобро омӯзонида истодаанд. Ин лоиҳа дар деҳаҳои мақсадноки вилояти Суғд ва Қирғизистон амалӣ мешавад. Барои иштирок дар дарси омӯзишӣ даҳҳо нафар ҷавонони тоҷику қирғиз дар ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гирд омаданд.

Поделиться в:
Подробнее

Ба кадом хотир салом медиҳед?

Ба кадом хотир салом медиҳед?

Имрӯз, 21-уми ноябр дар ҷаҳон рӯзи салом аст. Мақсад аз қайди ин рӯз ҷалби диққати аҳли ҷомеъаи фарох ба муҳимияти муоширати шахсӣ барои ҳифзи ҷаҳон мебошад. Танҳо тариқи муоширати меҳрубонона, ҳама намуди низоъро метавон бартараф кард. Рӯзи саломро соли 1973 ду бародари амрикоӣ Майкл ва Брайен Маккомак дар авҷи ҷанги сард эҷод кардаанд. Бародарон ба тамоми гӯшаи дунё мактуб бо саломи меҳрубонона ирсол намуда, даъват кардаанд, ки ба дигарон низ салом ирсол намоянд. Ин рӯзро дар беш аз 180 кишвари ҷаҳон ҷонибдорӣ карданд. СМ-1 аз сокинони шаҳри Хуҷанд пурсид: Ба…

Поделиться в:
Подробнее

Иҷоранишин ба соҳиби хона 66 ҳазор сомонӣ зарар расонид

Иҷоранишин ба соҳиби хона 66 ҳазор сомонӣ зарар расонид

Як сокини шаҳри Ҳисор дар шаҳри Хуҷанд бо ҷурми дуздии амволи хонаи ба иҷорагирифтааш боздошт шуд. Мақомоти милитсия аз ӯ Сайдалӣ Мирови 33 сола ном бурда зиёни расонидаашро 66 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардааст. Аз маркази матбуоти РВКД дар вилояти Суғд ба СМ-1 иттилоъ доданд, ки ин сокини Ҳисор ҳамчун иҷоранишин дар маҳаллаи 13-ум бинои 66 хуҷраи 12-и шаҳри Хуҷанд маскан гирифта буд. Гумонбаршаванда ҳар моҳ ба соҳиби хона 1600 сомонӣ иҷорапулӣ пардохт намуда бар замми ин молу амволи хонаи чаҳорҳуҷрагиро фурӯхта ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст. Вобаста ба ҷинояти дуздӣ…

Поделиться в:
Подробнее

Сафари волидони сарбозон аз шимол ба ҷанубии Тоҷикистон

Сафари волидони сарбозон аз шимол ба ҷанубии Тоҷикистон

Ҳудуди 100 нафар волидон баъди дидорбинӣ бо писарони сарбози худ аз қисмҳои ҳарбии ҷанубии Тоҷикистон ба вилояти Суғд баргаштанд. Онҳо давоми панҷ рӯз аз шарту шароити чанде аз қисмҳои ҳарбии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе дидан карданд. Аз Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд гуфтанд, ки дар ин кор онҳоро мақомоти ин вилоят дастгирӣ кардааст. Ин бори дуюм аст, ки дар соли ҷорӣ гурӯҳи тахмин 100 нафараи волидон барои дидани писари сарбозашон ба қисмҳои ҳарбии ҷанубии кишвар рафтанд.

Поделиться в:
Подробнее

Усули «кенгуру» талош барои наҷоти кӯдаки норасида

Усули «кенгуру» талош барои наҷоти кӯдаки норасида

Давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар таваллудхонаи вилояти Суғд беш аз 1000 кӯдаки норасида таваллуд шуда 156 нафари онҳо фавтидаанд. Духтурон мегӯянд, ин кӯдакон аз 22 ҳафта то 37 ҳафтаи ҳомиладории занон таваллуд шудаанд. Сабаби афзудани ҳолати валодати пеш аз мӯҳлат ин синну соли дери занҳои зоянда, истеъмоли зиёди доруҳо ва бурриши қайсарӣ гуфта мешавад. Ба кӯдакони пеш аз мӯҳлат ба дунё омада нигоҳубини хосе лозим аст. Барои пешгирӣ намудан аз сироятёбии кӯдаки норасида, гарм нигоҳ доштани ӯ ва ғизодиҳии табиӣ муҳим аст. Духтурон ҳоло усули «кенгуру»-ро ҷорӣ кардаанд. Ин…

Поделиться в:
Подробнее