Пайрави равияи мамнӯи «Салафия» зиндонӣ шуд

Пайрави равияи мамнӯи «Салафия» зиндонӣ шуд

Як сокини 36 солаи шаҳри Хуҷанд бо ҷурми пайравӣ ва таблиғи ақидаҳои равияи дар Тоҷикистон мамнӯи «Салафия» равонаи зиндон шуд. Суди шаҳри Хуҷанд, Илҳомҷон Ориповро дар содир кардани ҷиноят бо қисми 2-и моддаи 307 иловаи 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста ба мӯҳлати се солу шаш моҳ бо адои ҷазо дар калонияҳои дорои низомаш умумӣ аз озодӣ маҳрум намуд. Эраҷ Ализода, раисикунандаи парванда ба СМ-1 гуфт, ки Орипов соли 2013 гумроҳ шуда то ба соли 2015 ба таблиғи ақидаҳои равияи экстримистии мамнӯи «Салафия» ва ҷалбӣ ҳамсинфонаш ба он машғул шудааст.

Поделиться в:
Подробнее

Дар ҷисми 237 кӯдак диабети қанд пайдо нашуд

Дар ҷисми 237 кӯдак диабети қанд пайдо нашуд

Шумори наврасони то синни 14 солаи дучори бемории диабети қанд дар шимолии Тоҷикистон дар зарфи 25 сол даҳ баробар афзудааст. Бино ба гуфти эндокринологон соли 1992 дар вилояти Суғд 17 ва ҳоло 189 наврас бо бемории диабети қанд дар қайд ҳастанд. Диабети қанд асосан ирсӣ аст. Аммо солҳои охир шумори мубталоёни ин беморӣ миёни наврасон бо иллати тарс ва шамолхӯрии аз ҳад зиёд афзуда истодааст. Аз Маркази клиникавӣ эндокринологии вилояти Суғд ба номи Ҷаҳон Набиев иттилоъ доданд, ки ба беморони то синни 18 инсулин ва ба калонсолон ҳабҳои қандпасткунанда пурра…

Поделиться в:
Подробнее

Тарс сабаби нуқси нутқии кӯдакон шудааст

Тарс сабаби нуқси нутқии кӯдакон шудааст

Санаи 14 ноябр рӯзи байналмиллалии мутахассис оид ба иллати нутқ, ё худ логопед аст. Дар Тоҷикистон ҳам дар пайи зиёд шудани шумораи кӯдакони норасоии нутқӣ дошта, талабот ба логопедон ҳам бештар шудааст. Давоми ду соли охир дар кишвар ба хусус вилояти Суғд марказҳои логопедии нав ба фаъолият пардохта ба кӯдакони лакнати нутқӣ дошта шифо мебахшанд. Кори логопед хеле инфиродӣ буда аз мутахассис натанҳо дониши назариявӣ, балкӣ малакаи амалиро низ талаб мекунад.

Поделиться в:
Подробнее