Созиши Тоҷикистону Қирғизистон барои рафъи оқибати офати табиӣ

Созиши Тоҷикистону Қирғизистон барои рафъи оқибати офати табиӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон ба мувофиқ расиданд, ки ҳангоми сар задани офати табиӣ дар ноҳияҳои марзии ин ду кишвар ба ҳам кӯмак мерасонанд. Аз ҷумла тибқи созишномаи байни ду кишвар ҷонибҳо омодагии худро барои омӯзонидани наҷотдиҳандагон ва ҳам табодули таҷрибаи кормандон иброз намуданд. Рӯзи 10-уми ноябр даври дуюмини ҷаласаи муштараки ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд доир гардид. Дар он нақшаҳои ҳамкории минбаъаи ду ҷониб дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибати офати табиӣ, ки дар сарҳад ба вуқӯъ мепайвандад тарҳрезӣ шуд. Кумитаи…

Поделиться в:
Подробнее

Мактаб бо харҷи 34 ҳазор сомонии хонандагон соҳиби ду дег шуд

Мактаб бо харҷи 34 ҳазор сомонии хонандагон соҳиби ду дег шуд

Мақомоти маҳаллии шаҳри Хуҷанд дар соли ҷорӣ барои системаи гармидиҳии бинои ду мактаби миёна 500 ҳазор сомонӣ аз буҷа маблағ ҷудо кардааст. Аммо гуфта мешавад, ки дар як вақт амалишавии ин кор дар ҳамаи мактабҳо ба мақомот даст намедиҳад. Тӯли чанд соли охир таваҷҷӯҳ ба гузаштан ба системаи ягонаи гармидиҳӣ дар муассисаҳои таълимии Хуҷанд афзуда мақомот дар ин кор саҳми волидони хонандагонро ҳам назаррас медонад. Феълан гуфта мешавад, ки дар мактаби рақами 16-и шаҳр насби ду деги гармидиҳӣ идома дорад ва он бо харҷи 34 ҳазор сомонии волидону соҳибкорон амалӣ…

Поделиться в:
Подробнее

Даҳҳо кормани РКД дар Суғд бо рутбаву нишони сарисинагӣ қадронӣ шуданд

Даҳҳо кормани РКД дар Суғд бо рутбаву нишони сарисинагӣ қадронӣ шуданд

Дар рӯзи милитсияи тоҷик, ки ҳамасола 10-уми ноябр таҷлил мешавад даҳҳо нафар аз кормандони РВКД дар вилояти Суғд бо рутбаҳои навбатӣ ва медалу ифтихорномаҳо тақдиронида шуданд. Ба ҷузъ Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон инчунин Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон низ ҳамтоёни худро бо нишони медалу тӯҳфаҳои хотиравӣ табрик намуд. Маросими тақдими рутбаву медал ва нишони сарисинагӣ дар театри Камоли Хуҷандӣ бо шукӯҳи хосе доир гардид.

Поделиться в:
Подробнее

Русия, Чин ё Туркия. Кадоме моли босифат истеҳсол мекунад?

Русия, Чин ё Туркия. Кадоме моли босифат истеҳсол мекунад?

Маркази Тоҷиксатандарт дар вилояти Суғд кишварҳои Белорус, Чин ва Русияро воридкунандаи молҳои пастсифат ба Тоҷикистон ном бурд. Ин марказ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ тахмин 60 ҳазор килограм маҳслоти хӯрокаву сохтмониро несту нобуд кардааст, ки асосан ба ин се кишвар тааллуқ доштааст. Маҳкамбой Каримов, сардори дафтари матбуотии Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд гуфт, ки аҳолӣ ҳангоми харидории молу маҳсулот аввал ба тамғаи истеҳсолии он аҳамият диҳанд. «Агар маҳсулот тамағагузорӣ нашуда бошад алакай он хатарнок аст. Аз ин рӯ истеъмолкунанда ҳангоми харид бояд ба тамғагузории маҳсулот аҳамият диҳанд. Бояд санаи истеҳсоли…

Поделиться в:
Подробнее

Варзишгарони Суғд дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ мақоми аввалро касб карданд

Варзишгарони Суғд дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ мақоми аввалро касб карданд

Варзишгарони вилояти Суғд дар мусобиқаи ҷумҳуриявии Каратэ-до годзю-рю мақоми аввалро касб карданд. Ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд ва каратечиёни Суғд бештари медалҳои тиллои мусобиқаро соҳиб шудаанд. Аз 250 варзишгари шимолии Тоҷикистон, ки беш аз 150 нафарашон медалҳои тилло, нуқра ва биринҷиро дарёфт кардаанд.

Поделиться в:
Подробнее

«Биё» тарофаи нав аз «МегаФон Тоҷикистон»

«Биё» тарофаи нав аз «МегаФон Тоҷикистон»

Ширкати мобилии «МегаФон Тоҷикистон» тарофаи нави «Биё»-ро муаррифӣ намуд. Ин тарофа бо назардошти завқи бештари мизоҷон ба вуҷуд омад. Масъулини ширкати мобилӣ мегӯянд, ки тарофаи «Биё» барои дӯстдорони мукотибаҳо, тамошои видео ё гушкунии мусиқӣ тариқи онлайн ва дигар хизматрасониҳои шабакаҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст.

Поделиться в:
Подробнее